Суғд: Боздошти 11 муҳоҷири ғайриқонунии чинӣ дар ҷараёни амалиёти «Нелегал-2016»



Дар қаламрави вилояти Суғд 20 нафар муҳоҷирон, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави минтакаи шимоли ҷумҳурӣ кору иқомат доштанд, ошкор карда шуданд.

Чунинанд натиҷаҳои амалиёти махсуси «Нелегал-2016», ки аз 10 то 31 май бо мақсади ошкор сохтани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва далелҳои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкории шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби кормнадони мақомоти муҳоҷират, милитсия ва КДАМ гузаронида шуд.

Бино ба

маълумоти

маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, миёни шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави вилояти Суғд кору иқомат дошта, меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро риоя накардаанд, 11 шаҳрванди Чин, 2 шаҳрванди Молдова, 2 шаҳрванди Ӯзбекистон, 3 шаҳрванди Беларус ва 2 шаҳрванди Украина ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистонро риоя накардаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное