– Тағйироту иловаи санаи 1 июн аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мухолифи меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ мебошанд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.
Ба гуфтаи ӯ, дар Конститутсияи Тоҷикистон шаклҳои моликияти мавҷуда дар ҷомеаи мо – давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва саҳҳомӣ саҳеҳан муайян карда шудаанд. «Ин ки моликият шакли муваққатӣ надорад, ба ҳар шахси солимфикр фаҳмо аст», – гуфт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро рӯзи 1 июн вакилони палатаи поёнии парлумон
комилан ҷонибдорӣ намуданд.



