Боздиди ҳайати парлумони Исроил аз ВКХ Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов рӯзи 2 июн бо ҳайати парлумонии Давлати Исроил таҳти роҳбарии вакили Кнессет Шарен Ҳаскел дидору гуфтушунид кард. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сафири давлати Исроил дар Тоҷикистон хонум Кармела Шамир низ иштирок дошт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва […]



Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов рӯзи 2 июн бо ҳайати парлумонии Давлати Исроил таҳти роҳбарии вакили Кнессет Шарен Ҳаскел дидору гуфтушунид кард. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сафири давлати Исроил дар Тоҷикистон хонум Кармела Шамир низ иштирок дошт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, саёҳат, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад. дар ин замина ба зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба ва фаъол намудани робитаҳои байни доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки роҷеъ ба масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн низ табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.