Ғалабаи бузурги футболбозони тоҷик бар дастаи Бангладеш

Дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими Бангладеш, ки шоми 2 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардид, футболбозони тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 мағлуб карданд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯрӣ бо ҳузури беш аз 8 ҳазор нафар мухлисон баргузор шуда, барои […]

ASIA-Plus



Дар бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими Бангладеш, ки шоми 2 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гардид, футболбозони тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 мағлуб карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯрӣ бо ҳузури беш аз 8 ҳазор нафар мухлисон баргузор шуда, барои сармураббии нави мунтахаби футболи ҷумҳурӣ Ҳаким Фузайлов бозии нахустини расмӣ буд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф Ҷаҳонгир Эргашев (2 тӯб), Парвизҷон Умарбоев, Давронҷон Эргашев ва Умедҷон Шарипов ба ҳадаф расонидаанд. Бозии ҷавобии ин ду даста рӯзи 7 июн дар пойтахти Бангладеш – Дакка баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввали плей-офф даҳ дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳилаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳмеёбад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳилаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳила се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳилаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳилаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Аз 11 дастаи марҳилаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова