Коҳиши муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон



Дар зарфи 5 моҳи соли равон беш аз 271 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 7% камтар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 33,3 ҳазор нафар занон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон – зиёда аз 267,8 ҳазор нафар мисли пешин Русияро макони муҳоҷирати корӣ интихоб намуда, аз шумории умумии тоҷикистониён, ки имсол барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд, ҳудуди 5 ҳазор нафарашон ба Қазоқистон раҳсипор шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳудуди 109 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 30% камтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное