Арабҳо дар Душанбе маҷмааи беҳамтои парлумонӣ месозанд

Тамоми маркази шаҳри Душанбе – бинои парлумон, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти шаҳрдорӣ, сафорати Эрон ва биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд. Дар навбати аввал дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинои ҳанӯз соли 1946 сохташудаи Маҷлиси Олӣ (парлумон)-и Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, маҷмааи нави […]



Тамоми маркази шаҳри Душанбе – бинои парлумон, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти шаҳрдорӣ, сафорати Эрон ва биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд.

Дар навбати аввал дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бинои ҳанӯз соли 1946 сохташудаи Маҷлиси Олӣ (парлумон)-и Тоҷикистон кӯчонида мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, маҷмааи нави парлумонӣ дар маконе қомат хоҳад афрохт, ки айни замон дар он биноҳои Вазорати кишоварзӣ, шаҳрдории Душанбе, сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва боз як қатор биноҳои истиқомативу дигар иншоот ҷойгир шудаанд.

«Маҷмааи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон – хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат афрохта, ба ҷуз иншооти навсохташуда, тамоми биноҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли равон бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Ин нукта

зимни мулоқоти рӯзи 25 майи

раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх зикр гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.