Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба Ереван рафт

Котиби Шӯрои амияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 8 июн дар пойтахти Арманистон доир мегардад, ба шаҳри Ереван сафар кард. Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласа, А.Қаҳҳоров дар шаҳри Ереван […]



Котиби Шӯрои амияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 8 июн дар пойтахти Арманистон доир мегардад, ба шаҳри Ереван сафар кард.

Бино ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҷуз иштирок дар кори ҷаласа, А.Қаҳҳоров дар шаҳри Ереван як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа дар Ереван тахти раёсати ҷониби Арманистон баргузор шуда, дар он оид ба тадбирҳои иловагии рушди низоми амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмон дар бахши мубориза бо терроризм Дабири кулли СААД Николай Бордюжа маърӯза мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаҳои марбут ба қарор дар бораи номгӯи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро эътирофшуда дар кишварҳои Созмон, мувофиқаи Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ дар давраи то соли 2025, фаъолияти Машварати ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти зидди мухаддироти кишварҳо, Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви СААД оид ба масоили сиёсат, амният ва мудофиаи дар нимсолаи дуюми соли 2016 дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.