Дар макотиби Тоҷикистон бори нахуст занги охир садо надод

Имрӯз, 7 июн соли хониши навбатӣ дар Тоҷикистон расман ба итмом расид. Чун пешин имсол дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои хатмкунандагон «Занги камолот садо надода, хатмкунандагон бидуни чорабинии тантанавӣ аз пагоҳ ба имтиҳоноти хатм омодагӣ мегиранд. Бо  қарори мушовараи  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 24 майи соли равон, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, […]



Имрӯз, 7 июн соли хониши навбатӣ дар Тоҷикистон расман ба итмом расид. Чун пешин имсол дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои хатмкунандагон «Занги камолот садо надода, хатмкунандагон бидуни чорабинии тантанавӣ аз пагоҳ ба имтиҳоноти хатм омодагӣ мегиранд.

Бо 

қарори мушовараи

 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 24 майи соли равон, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, сарфи назар шакли моликияташон, баргузории маросими «Занги камолот» манъ шуд.

Мувофиқи қарор, имрӯз дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулиятҳо тибқи ҷадвали таълим гузаронида шуда, ҳеҷ гуна ҷамъомадҳои тантанавӣ пешбинӣ нашудааст. Масъулияти иҷрои ин фармон шахсан ба дӯши роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ, директорони мактаб ва роҳбарони синф вогузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, соли равон дар Тоҷикистон синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумиро – 117 ҳазору 430 нафар толибилмон хатм мекунанд, ки 52,5 ҳазор нафари онҳо духтарон мебошанд. Шумори хатмкунандагони синфи нуҳи мактабҳо 166 ҳазору 663 нафар (79 ҳазору 290 нафар духтарон)-ро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ба маросими «Занги камолот» дар мактабҳо 45 дақиқа (аз соати 8-00 то 8.45 дақиқа) бахшида шуда, дар баробари суханронии роҳбарону маъмурияти мактаб, ба толибилмон фармони вазири маориф ва илм дар бораи баргузории маросими «Занги камолот» ва имтиҳоноти хатми мактаб қироат шуд. Соли гузашта бори нахуст маросими «Занги камолот» бидуни ҳузури волидони хонандагон гузаронида шуд.

Соли чорум аст, ки чорабинии «Занги камолот»дар мактабҳои Тоҷикистон на санаи 25 май чн солҳо пешин, балқи моҳи июн баргузор мешавад. Ин қарор ба хотири иҷрои тамоми барномаи таҳсили 34-ҳафтаина қабул шуд, зеро бар асари сардиҳо таътили зимистонаи хонандагон то 1 моҳ дароз карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.