Раиси пойтахт сабабҳои афзоиши муноқишаҳо миёни толибилмонро номбар кард



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 6 июн бо иштироки вакилони Маҷлисҳои шаҳру ноҳияҳо, раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳзоби сиёсӣ ва аҳли ҷомеа машварат баргузор намуда, дар он бори навбатӣ масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 25-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар машварат ҳамчунин масъалаҳои омодагии шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон низ баррасӣ шуда, ба мушкилоти омода кардани биноҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ ва оби гарм таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар робита ба мушкилоти марбут ба рафтори ҷавонон, бахусус хонандагони макотиби таҳсилоти умумии шаҳр дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳодисаҳои ташкили муноқишаву ҷанҷолҳои омавӣ дар мактабҳо, раиси пойтахт таъкид дошт, ки ин мушкилот бар асари хунукназарии нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр ба вуҷуд омадааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кардааст, ки дар сурати такрор шудани рафтори ношоистаи ҷавонон дар шаҳр, нисбати шахсони масъул ва волидони наврасон мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное