Интихоби раиси нави Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми июни соли равон  Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Анҷуман тибқи муқаррароти оиномавӣ интихоби раиси Иттифоқ ба тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар номзад  оҳангсози  шинохтаи тоҷик Шуҳрат Ашӯров  раиси Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон вакилони Анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, […]

АМИТ «Ховар»



Рӯзи 6-уми июни соли равон  Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Анҷуман тибқи муқаррароти оиномавӣ интихоби раиси Иттифоқ ба тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар номзад  оҳангсози  шинохтаи тоҷик Шуҳрат Ашӯров  раиси Иттифоқи композиторони  Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамзамон вакилони Анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, эҷоди асарҳои муосири мусиқӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, тарбияи кадрҳои ҷавони оҳангсозу мусиқишиносон ва тавсеаи фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқро баррасӣ намуданд.

Пас аз интихоб шудан ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, композитор Шӯҳрат Ашӯрови 54-сола ба журналистон гуфт, ки ният дорад барои композиторони ҷавон мактаби махсус ташкил кунад.

«Мактаб барои истеъдодҳои наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кушода хоҳад шуд. Ба ин васила, мо азм дорем, ки насли ҷавони композиторонро ба воя расонем», — тазаккур дод ӯ.

Композитор Шӯҳрат Ашуров соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда, композиторони маъруф, ба мисли Ёқуб Сабзанов, Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим гирифтааст. Солҳои 1984-86 дар омӯзишгоҳи мусиқавии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковский, дар синфи К. Баташов таҳсил намудааст.

Соли  2001 Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳоро хатм кард. То интихоб шудан ба раисии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.