Пешгирии қочоқи 630 кило шираи камол ба Қирғизистон

Кормандони Раёсати минтақавии хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар шахри Душанбе дар дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол» 630 кило шираи камолро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, моҳи апрели соли равон шаҳрванд Абдлвоҳид Меглибоев, соли таваллудаш 1975 ҳамроҳ бо шахрванди қирғизистон бо номи Иззатулло нақшаи ҷамъоварии ғайриқонунии ширкаи камолро тарҳрезӣ […]



Кормандони Раёсати минтақавии хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар шахри Душанбе дар дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол» 630 кило шираи камолро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намуданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, моҳи апрели соли равон шаҳрванд Абдлвоҳид Меглибоев, соли таваллудаш 1975 ҳамроҳ бо шахрванди қирғизистон бо номи Иззатулло нақшаи ҷамъоварии ғайриқонунии ширкаи камолро тарҳрезӣ намудаанд.

Минбаъд бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи ҷинояткоронаи пешакӣ таҳрезишуда Менглибоев А.Б. бо маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ «Содиқ» Содиқов Ҷумахон соли таваллудаш 1955 дар аввалҳои моҳи майи соли 2016 аз анбори охирин, воқеъ дар кӯчаи Маяковский-2 шаҳри Душанбе дар даҳ адад зарфҳои оҳанини ғунҷоишашон 30 кг, шираи камоли бадбуйро гирифта, ба воситаи шахсони номаълум ғайриқонунӣ ба ноҳияи Лахш бо мақсади минбаъд ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо таври қочоқ интиқол додан, равона менамоянд.

Зимни азназаргузаронии гумрукии автомшаинаи тамғаи «Мерседес» таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Абдулфаттоҳ Шералиев зарфҳои зиикршуда мусодира гардиданд.

Ғайр аз ин, аз анборҳои ҶДММ «Содиқ» дар шаҳри Душанбе қуттича бо навиштаҷоти «шираи камол», 500 қуттича бо навиштаҷоти «решаи ширинбия», ҷамъ 1000 қуттича ва 14 адад зарфҳои пластикии рангашон зарди ғунҷоишашон 20 кг, ки дар дохилашон моеъи ғафси бадбӯй мавҷуд буданд, дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, вазни умумии маводи гирифташуда 630 килограммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба шахсони қонуншикан Менглибоев Абдулвоҳид, Содиқов Ҷумахон ва дигарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.