Боздиди сафири Ангола аз ВКХ Тоҷикистон



Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 8 июн бо сафири Ҷумҳурии Ангола дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Москва) Жоаким Аугушто де Лемуш дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат роҳҳои барқарор намудани робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар арсаҳои барои ҳарду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳавасмандии мутақобила изҳор гардид.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза алайҳи чолишҳои муосири амниятӣ табодули назар карданд.

spot_imgspot_img

Популярное