Баҳои баланди вазирони мудофиаи кишварҳои СҲШ ба амалҳои Русия дар Сурия

Аз рӯи натиҷаҳои машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (ш.Остона, 8 июн) муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов ба хурналистон иттилоъ додааст, ки дар машварат оид ба такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ дар бахши таъмини амният тавофуқ ҳосил шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия, Антонов изҳор доштааст, ки дар шароити афзоиши таҳдиду […]



Аз рӯи натиҷаҳои машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (ш.Остона, 8 июн) муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов ба хурналистон иттилоъ додааст, ки дар машварат оид ба такмили механизмҳои ҳамоҳангсозӣ дар бахши таъмини амният тавофуқ ҳосил шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия, Антонов изҳор доштааст, ки дар шароити афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ роҳбарони вазоратҳои мудофиа муҳим будани амалҳои муштараки ҳамоҳангшуда барои таҳкими субот ва амният дар паҳнои СҲШ-ро таъкид намудаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар машварат масоили омодагӣ ба размоишҳои муштараки «Рисолати сулҳовар-2016» (Мирная миссия-2016), ки «ҷасорати қотеъонаи кишварҳои СҲШ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиандозиро таҷассум мекунанд», низ баррасӣ шудаанд.

Анатолий Антонов қайд кардааст, ки дар машварат «натиҷаҳои назаррас»-и Конфронси 5-уми Маскав оид ба амнияти байнулмилии моҳи апрели соли равон ва конфронси Маскав оид ба Афғонистон тирамоҳи соли гузашта зикр гардидаанд.

«Ба амалҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар Сурия дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва кумак ба мардуми ин кишвар, аз ҷумла поккории қаламрави минтақаҳои озодшуда аз мина баҳои баланд дода шуд», – таъкид доштааст Антонов.

Зимнан зикр гардидааст, ки машварати навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ соли 2017 дар Қазоқистон баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.