«Rapid7»: компютерҳои Тоҷикистон хеле осебпазиранд

Ширкати интернетии “Rapid7” Тоҷикистонро аз лиҳози осебпазирии компютерҳояш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷои дувум гузоштааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , “Rapid7”, як ширкати амрикоӣ, ки ба таҳқиқи масоили амнияти Интернет ва низомҳои компютерӣ машғул аст, дар ин ҳафта бо нашри натиҷаҳои пажӯҳиши навбатиаш Белгия, Тоҷикистон ва Самоа – ҷазиракишваре дар уқёнуси Оромро […]

Радиои Озодӣ



Ширкати интернетии “Rapid7” Тоҷикистонро аз лиҳози осебпазирии компютерҳояш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷаҳон дар ҷои дувум гузоштааст.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, “Rapid7”, як ширкати амрикоӣ, ки ба таҳқиқи масоили амнияти Интернет ва низомҳои компютерӣ машғул аст, дар ин ҳафта бо нашри натиҷаҳои пажӯҳиши навбатиаш Белгия, Тоҷикистон ва Самоа – ҷазиракишваре дар уқёнуси Оромро се кишвари аз ҳама осебпазири дунё дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ ном бурд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти “Rapid7“, ки таҳти номи “National Exposure Index” (“Индекси осебпазирии кишварҳо”) нашр шуд, сеяки тамоми шабакаҳои электронии Белгияву Тоҷикистон ва Самоа амну ҳифозатшуда нест.

Муҳаққиқони “Rapid7” барои анҷоми ин таҳқиқот аз тариқи тарҳи “Sonar”, ки IP-адресҳо ва компютерҳои бандар (порт)-и вурудашон бозро пайгирӣ мекунад, даҳҳо миллион компутар дар беш аз 180 кишвари дунёро аз лиҳози сатҳи ҳифозаташон аз ҳамлаҳои ҳакерӣ омӯхтаанд. Онҳо барои санҷидани сатҳи осебпазирии компютерҳо як роҳи хеле осону содаро пеш гирифта, ба соҳиби ин компютерҳо дархост фиристодаанд, ки сомонаи онҳоро бипазирад. Дар натиҷа, онҳо тавонистаанд ба дастикам 4,7 миллион компютер аз тариқи бандари ТСП-порт 443, ки махсуси омӯхтани сомонаҳо ва код задани маълумотҳост, ворид шаванд.

Ин таҳқиқот барои анҷоми ҳамлаҳои ҳакерӣ хеле осебпазир будани бандарҳое, чун FTP ва Telnet-ро зикр мекунад ва мегӯяд, як далели аслии чунин сатҳи баланди осебпазирӣ ба масоили амнияти низомҳои электрониашон аҳамияти чандоне қоил нашудани давлатҳост.

Ба ақидаи пажӯҳишгарони ширкати “Rapid7“, вазъи имрӯзаи амнияти иттилоотӣ метавонад барои иқтисоди ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддие дошта бошанд ва фаъолияти зербинои Интернет бояд бозбинӣ шавад. Онҳо дар баробари кишварҳои заифтаре, чун Тоҷикистону Самоа (ҷойҳои 2 ва 3) ё Ҷумҳурии Доминикан ва Афғонистон (ҷойҳои 7 ва 8-ум) дар феҳрасти кишварҳои дар муқобили ҳамлаҳои ҳакерӣ осебпазир ҳузур доштани кишварҳои тавоное, ба мислиБелгия (ҷои аввал), Австралия, Чин ва Ҳонконг (ҷойҳои 4-6), Фаронсаву Амрико (12 ва 13), Ҷопон(16), Русия(19) ва Бритониё (зинаи 23)-ро зикр мекунанд ва мегӯянд, пешрафтҳои иқтисодиву фаннии кишвар ҳанӯз ба маънои таъмини амнияти шабакаҳои электрониаш аз ҳамлаҳои ҳакерӣ нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.