Собитқадамии «IRS»дар иҷрои рисолати худ

Бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ ва дар муддати кӯтоҳ  таъмири куллӣ гардидани купруки азим дар километри 95+600 -и  шоҳроҳи Душанбе–Чанок дурустии ин гуфтаро собит менамояд. Ногуфта пайдост, ки нигоҳдории роҳ кори саҳлу сода набуда, масъулиятшиносӣ, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Бо дарки масъулият ва итминони комил […]

Итилоияи расмӣ



Бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ ва дар муддати кӯтоҳ  таъмири куллӣ гардидани купруки азим дар километри 95+600 -и  шоҳроҳи Душанбе–Чанок дурустии ин гуфтаро собит менамояд.

Ногуфта пайдост, ки нигоҳдории роҳ кори саҳлу сода набуда, масъулиятшиносӣ, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Бо дарки масъулият ва итминони комил гуфта метавонем, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои зеринро доро буда,  маҳз ҳамин омилҳо замина фароҳам овардаанд, ки рисолаташро вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе –Чанок, ки  дар ҷисми кишвар шоҳраг маҳсуб мешавад, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намояд.


 

Корҳои таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмулӣ ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро ба дунбол дорад. Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад,  вайроншавии баъзе қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада истодааст. Ширкат, ки  барои давраи муайян нигоҳдории шоҳроҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ карда истодааст.

Барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани корҳои таъмиру таҷдид  имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои хурди истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор муҳайё аст. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки корҳои таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали Ширкат ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири шоҳроҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар филиали Ширкат  15 октябри соли гузашта таъмири куллии купруки калони мошингузарро дар километри 95 +600  шурӯъ намуда буд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ – ҶДММ «Роҳи Ваҳдат» бо бунёди купруки муввақатӣ  шурӯъ шуда, дар муддати кӯтоҳ  ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути он ба роҳ монда шуд. Барои корҳои сохтмонӣ масолеҳи босифати сохтмонӣ дастрас шуда, таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ дар мадди назари роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошт. Дар маҷмӯъ, барои таъмири куллии купруки мазкур аз ҷониби филиали Ширкат зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ шуда, он аз санаи ҳаштуми июни соли равон мавриди истифода қарор гирифт. Омили мазкур бори дигар собит намуд, ки «IRS» дар иҷрои рисолати худ вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе –Чанок собитқадам аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.