Президент ба манзили Қаҳҳор Маҳкамов ташриф овард

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба манзили аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки рӯзи 8 июн аз олам даргузашт, ташриф оварда, шахсан ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд. Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумон, вакилони мардумӣ  […]



Зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба манзили аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов, ки рӯзи 8 июн аз олам даргузашт, ташриф оварда, шахсан ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.

Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумон, вакилони мардумӣ  ба хотири аввалин президенти ҷумҳурӣ дақиқае сукут карданд.

Ш.Зуҳуров қайд кард, ки ӯ шахсан давоми зиндагиаш чун Қаҳҳор Маҳкамов одами бовиҷдону хоксортареро вонахӯрдааст. «Замони президентиаш Қ.Маҳкамов маро ба аъзогии ҳукуат пазируфт ва ман аз марҳум бисёр чизҳоро омӯхтаам»», – гуфт Зуҳуров.

Ӯ изҳори итминон кард, ки «хотираи Қ.Маҳкамов, ки барои кишвар ва мардуми он хизматҳои зиёд кард, абадӣ дар ёди мардуми тоҷик боқӣ хоҳад монд».

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти аввалин президенти Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба пайвыандони наздикони марҳум

ҳамдардӣ изҳор намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.