Ҷаҳон Султоноғлу: Ноумедиву маъсӣ ба хушунат мусоидат мекунад



Зимни суханронӣ дар вохӯрии сатҳи баланд оид ба масоили дарёфти роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароии зӯроварона дар Душанбе ёрдамчии Котиби генералии СММ, директори минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои шарқӣ ва ИДМ хонум Ҷаҳон Султоноғлу изҳор намуд, ки зуҳури ифротгароии зӯроварона тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда, сулҳу субот ва амниятро халалдор месозанд, ки ба поймол шудани ҳуқуқҳои инсон ва косташавии эътимод мусоидат намуда, барои ноил гардидан ба рушд монеъа эҷод месозанд.

Бо гуфтаи хонум Ҷаҳон Султоноғлу, кирогарону одамғундорони гурӯҳҳои террористӣ бештар ба сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷчуҳ зоҳир мекунанд.


«Идеологияҳои тундгаро ба нобаробарӣ ва беадолатии беҳад зиёд ва эҳсоси он дар ҷомеа марбутанд. Ноумедиву маъсӣ аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба хушунат мусоидат мекунад. Ифротгароии зӯроварона дар сатҳи ҷомеа ба афзоиши коста шудани эътимод миёни мардум ва давлат сабаб шуда метавонад», – чунин мешуморда ёвари Дабири кулли СММ.


Ба қавли номбурда, таҳқиқоти пешакӣ гувоҳи онанд, ки афроди манзилу оилаҳои худро тарккарда ҷиҳати маблағе кор кардан ба хотири таъмини рӯзгор, барои ҷалб ба гурӯҳҳои ифротгаро бештар осебпазиранд ва бархе аз онҳо бо ақидаҳои тундгаро ба ватан баргашта, баъзеи дигарашон умуман барнамегарданд. 

spot_imgspot_img

Популярное