Дар Мастчоҳ 6 нафар салафиҳо маҳкум шуданд

Барои узвият дар сафҳои равияи мазҳабии фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» 6 нафар сокинони вилояти Суғд маҳкум карда шуданд. Бино ба иттилои як манбаъи муътамади «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, суди ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар сокинони ҷамоати Оббурдони ҳамин ноҳия – Абдуҷаббор Шарипов ва Суннатулло Мирзоев, ҳарду 33 сола, Рустамбек Қаландарови 42-сола, ҳар […]

ASIA-Plus



Барои узвият дар сафҳои равияи мазҳабии фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» 6 нафар сокинони вилояти Суғд маҳкум карда шуданд.

Бино ба иттилои як манбаъи муътамади «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, суди ноҳияи Мастчоҳ 6 нафар сокинони ҷамоати Оббурдони ҳамин ноҳия – Абдуҷаббор Шарипов ва Суннатулло Мирзоев, ҳарду 33 сола, Рустамбек Қаландарови 42-сола, ҳар кадомеро ба 4,3 соли зиндон, Шароф Расулови 31-сола ва Миралӣ Раҳмонови 32-сола, ҳар кадомеро ба 3,8 соли зиндон ва Муҳаммадӣ Мирзоеви 28-соларо ба 4,6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Онҳо моҳи марти соли 2016 аз ҷониби кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо зимни муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Нижневартовски Русия давоми солҳои 2007-2012 бо даъвати имоми масҷиди ин шаҳр бо номи Салават ва лақаби «Ҳазрат» ихтиёрӣ ба сафҳои равияи динии «Салафия» пайваста, тибқи дастурҳои ӯ амал мекардаанд.

«Баъди ба ватан баргаштан низ онҳо ба фаъолияти худ идома бахшида, зимни суҳбат бо ҳамдеҳагон онҳоро барои пайвастан ба ин равия талқин мекарданд. Ҳангоми кофтукови манзили онҳо бисёр китобу варақаҳое дарёфт шуданд, ки дар он ақидаву афкори равияи Салафия тарғиб мешавад», – гуфт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.