Гунаҳкории «Барқи тоҷик» дар қарзи андози нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»

Бинобар сабабаи пурра пардохт нашудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик», қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз пардохти андоз афзуда, ба санаи 1 апрели соли равон 7,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ ба 627,5 млн. сомонӣ баробар аст. «Қобили […]

ASIA-Plus



Бинобар сабабаи пурра пардохт нашудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик», қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз пардохти андоз афзуда, ба санаи 1 апрели соли равон 7,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ ба 627,5 млн. сомонӣ баробар аст.

«Қобили зикр аст, ки мувофиқи уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи «Барқи тоҷик» дар сатҳи байниҳукуматӣ, шурӯъ аз соли 2016 ширкат ба пардохти пурра ва саривақтии истифодаи нерӯи барқи истифодакарда аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» уҳдадор шуд, аммо дар зарфи 5 моҳи соли равон сатҳи пардохти маблағи нерӯи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 39%-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин аз соли 2009 аст», – хабар доданд аз хадамоти матбуоти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1».

Дар ҳамин ҳол шарҳ дода шуд, ки мутобиқи тавофуқи ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон дар мавриди қарз аз андоз, Кумитаи андози Тоҷикистон нисбати пардохти ин қарз чораҳои маҷбурӣ истифода намекунад.

Қаблан дар ин робита

иттилоъ дода будем

, ки дар рӯйхати навшудаи Кумитаи андози Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил дода, аз ҳамаи дигар корхонаву ташкилотҳо бештар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.