Тренингҳо барои кормандони низоми бонкӣ

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Идоракунии кормандон дар шароити муосир” се тренинги омӯзишӣ баргузор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар доираи тренингҳои мазкур, ки барои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва […]

ASIA-Plus



Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ҳамбастагӣ бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Идоракунии кормандон дар шароити муосир” се тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар доираи тренингҳои мазкур, ки барои роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисони низоми бонкии кишвар анҷом ёфт, масъалаҳои “Стратегияи кор бо кадрҳо”, “Ҷустуҷӯ ва интихоби кадрҳои нав”, “Ҷобаҷокунии кадрҳо”, “Баҳодиҳии кадрҳо”, “Идоракунии кадрҳо ва муносибат бо кормандон”, “Таъсири кадрҳо дар рушди корхона” мавриди баҳсу баррасӣ сурат гирифта, иштирокдорони семинар аз намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳои худ вобаста ба муносибат, идоракунӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон ба якдигар табодули назар намуданд.

Қобили қайд аст, ки иштирокдорони тренинг дар баробари шинос шудан бо шаклҳои идоракунии ҳамкорони худ, инчунин бо таҷрибаҳои муосири кор дар Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Федеролии Олмон ошно шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.