Задухӯрди навбатии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон



Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, баъди нимашаби рӯзи 13 июн як гурӯҳи номаълуми иборат аз 4 нафар қочоқбарон дар дидбонгоҳҳои марзии «Ҳамадонӣ» сарҳадро гузаштанӣ шуда, ба марзбонон дучор мешаванд.

«Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон риоя накарда, миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа бо истифода аз торикии шаб қочоқбарон дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ мебаранд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 22 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, айни замон мақомоти тафтишоти Раёсати КДАМ дар вилочти Хатлон ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

spot_imgspot_img

Популярное