Задухӯрди навбатии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуданд. Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, баъди нимашаби рӯзи 13 июн як гурӯҳи номаълуми иборат аз 4 нафар қочоқбарон дар дидбонгоҳҳои марзии «Ҳамадонӣ» сарҳадро гузаштанӣ шуда, ба марзбонон дучор мешаванд. «Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон […]

ASIA-Plus



Марзбонони тоҷик аз кӯшиши навбатии убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре сардори Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, баъди нимашаби рӯзи 13 июн як гурӯҳи номаълуми иборат аз 4 нафар қочоқбарон дар дидбонгоҳҳои марзии «Ҳамадонӣ» сарҳадро гузаштанӣ шуда, ба марзбонон дучор мешаванд.

«Марзшиканон ба талаботи сарҳадбонон риоя накарда, миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷа бо истифода аз торикии шаб қочоқбарон дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ мебаранд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 22 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт шуда, айни замон мақомоти тафтишоти Раёсати КДАМ дар вилочти Хатлон ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.