Баррасии масоили ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон дар Прокуратураи генералӣ

Имрӯз дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои марказхи матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар кори ҳайати мушовара масъулини вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, раисони як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои марказхи матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар кори ҳайати мушовара масъулини вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, раисони як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»,  вазъи баррасии аризаю иттилоот оиди ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо нисбати хурдсолону ноболиғон ва чораҳои пешгирии онҳо мавриди  муҳокима ќарор гирифтанд. 

Дар ҷаласа инчунин  ҳолати иқрои қонун «Дар бораи милитсия»  ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки фаъолияти нозирони минтақавии мақомоти корҳои дохилиро дармубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ба танзим медароранд, низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба масъалаҳои зикршуда ахбороти сардорони раёсатҳои марбутаи Прокуратураи генералӣ ва масъулини сохторҳои дахлдори вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шунида шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба тањлилу арзёбӣ гардид.

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо тавсияҳои судманд дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.