СММ ба дастгирии мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар масоили захираҳои об идома медиҳад



Зимни брифинг баъди

вохӯрӣ

бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор дошт, ки СММ минбаъд низ мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар масоили захираҳои обро дастгирӣ хоҳад кард.

«Ман дар Дуушанбе муддати 5 солу 3 моҳ фаъолият карда, аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон боздид кардам. Дар ин муддат дар Тоҷикистон тағйироти бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ сурат гирифт. Хурсандиовар аст, ки СММ натанҳо ба истиқрору сулҳу оромӣ мусоидат намуд, балки ба рушди назарраси иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ низ саҳм гузошт», – гуфт А.Зуев.

Ба қавли А.Зуев, давоми фаъолияти ӯ дар ҳамдастӣ бо СММ дар Тоҷикистон хеле зиёд иншооти иҷтимоӣ, аз қабили дармонгоҳҳои бемории сил, озмоишгоҳҳои биологӣ, мактабҳову иншооти обёрӣ ба истифода дода шуданд ва ин барнома, ки бузургтарин дар минтақа аст, барои СММ афзалиятнок боқӣ мемонад.

Намояндаи СММ ҳамчунин қайд кард, ки моҳи декабри соли гузашта бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барномаи нави панҷсолаи ҳамкорӣ бо СММ ба имзо расид, ки дар он ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстонаи техникӣ ҷудо шудани 383 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

«Соли гузашта вақте ки мо барномаи ба ин монандро ба итмом расонидем, мо ҳисобу китоб кардем, ки дар панҷсолаи гузашта мо корҳои ваъдашударо тибқи ин барнома 20% зиёдтар ба иҷро расонидаем», – илова кард А.Зуев.

Қобили зикр аст, ки ваколатҳои Александр Зуев ба ҳайси ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон ба анҷом расида, минбаъд ӯ ба кори дигар дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мегузарад.

spot_imgspot_img

Популярное