Гунаҳкорони марги муҳоҷири тоҷик маҳкум шуданд

Суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав нисбати 3 нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин шаҳр Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев, ки дар марги муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов айбдор карда шуда буданд, ҳукм содир намуд. Ҳамаи онҳо дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки ба марги муҳоҷири тоҷик […]

ASIA-Plus



Суди шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав нисбати 3 нафар кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноии ҳамин шаҳр Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев, ки дар марги муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов айбдор карда шуда буданд, ҳукм содир намуд.

Ҳамаи онҳо дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки ба марги муҳоҷири тоҷик боис гардид, гунаҳкор дониста шуданд. Ҳар кадоме аз онҳо ба 7,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Бародари марҳум Илҳом Алихонов изҳор доштааст, ки ҳукм нисбати кормандони пулисро сабук мешуморад. «Дар муқоиса бо даҳҳо нафар тоҷикон, ки дар Русия кушта мешаванду гунаҳкорон аз муҷозот озод мемонанд, мо бо кумаки Кумитаи зидди шиканҷаи Русия тавонистем, ки онҳоро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоем. Албатта, онҳо аз болои ҳамин ҳукми сабук низ шикоят бурда, кам кардани муҳлати ҷазоро талаб мекунанд, вале ҳама коре, ки аз дастам меомад, ман анҷом додам», – гуфтааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки айни замон барои ӯ ҳаллу фасл кардани масъалаи пардохти ҷубронпулӣ  ва тарбияву ба воя расонидани кӯдакони хурдсоли бародари марҳумаш хеле муҳим аст.

Ёдрас мекунем, ки

зимни мурофиаи судии ахир

айбдоркунандаи давлатӣ Анна Евченко дархост намуда буд, ки судшавандагон гунаҳкор эътироф гардида, Дейкун ва Чернишев ҳар кадоме ба 9 соли зиндон ва Гордеев ба 9 солу се моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.