СММ ба дастгирии мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар масоили захираҳои об идома медиҳад

Зимни брифинг баъди вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор дошт, ки СММ минбаъд низ мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар масоили захираҳои обро дастгирӣ хоҳад кард. «Ман дар Дуушанбе муддати 5 солу 3 моҳ фаъолият карда, аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон боздид […]

ASIA-Plus



Зимни брифинг баъди

вохӯрӣ

бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор дошт, ки СММ минбаъд низ мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар масоили захираҳои обро дастгирӣ хоҳад кард.

«Ман дар Дуушанбе муддати 5 солу 3 моҳ фаъолият карда, аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон боздид кардам. Дар ин муддат дар Тоҷикистон тағйироти бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ сурат гирифт. Хурсандиовар аст, ки СММ натанҳо ба истиқрору сулҳу оромӣ мусоидат намуд, балки ба рушди назарраси иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ низ саҳм гузошт», – гуфт А.Зуев.

Ба қавли А.Зуев, давоми фаъолияти ӯ дар ҳамдастӣ бо СММ дар Тоҷикистон хеле зиёд иншооти иҷтимоӣ, аз қабили дармонгоҳҳои бемории сил, озмоишгоҳҳои биологӣ, мактабҳову иншооти обёрӣ ба истифода дода шуданд ва ин барнома, ки бузургтарин дар минтақа аст, барои СММ афзалиятнок боқӣ мемонад.

Намояндаи СММ ҳамчунин қайд кард, ки моҳи декабри соли гузашта бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барномаи нави панҷсолаи ҳамкорӣ бо СММ ба имзо расид, ки дар он ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстонаи техникӣ ҷудо шудани 383 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

«Соли гузашта вақте ки мо барномаи ба ин монандро ба итмом расонидем, мо ҳисобу китоб кардем, ки дар панҷсолаи гузашта мо корҳои ваъдашударо тибқи ин барнома 20% зиёдтар ба иҷро расонидаем», – илова кард А.Зуев.

Қобили зикр аст, ки ваколатҳои Александр Зуев ба ҳайси ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон ба анҷом расида, минбаъд ӯ ба кори дигар дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.