Барои талоши пайвастан ба сафҳои ДИ бобову набера12 солӣ зиндонӣ шуданд

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Ишмурод Қушмуратови 64-сола ва набераи ӯ Акбар Қушмуратови 19-сола ва ҳамчунин ҳамдиёри онҳо Орифҷон Орифҷонов барои талоши пайвастан ба сафҳои созмони терростии «Давлати исломӣ» (ДИ) ҳар кадоме ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Бино ба маълумоти суди мазкур, Мамадқул Қушмуратов, писари И.Қушмуратов дар сафҳои […]

ASIA-Plus



Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов Ишмурод Қушмуратови 64-сола ва набераи ӯ Акбар Қушмуратови 19-сола ва ҳамчунин ҳамдиёри онҳо Орифҷон Орифҷонов барои талоши пайвастан ба сафҳои созмони терростии «Давлати исломӣ» (ДИ) ҳар кадоме ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба маълумоти суди мазкур, Мамадқул Қушмуратов, писари И.Қушмуратов дар сафҳои Давлати исломӣ дар Сурия меҷангидааст ва моҳи августи соли гузашта дар яке аз даргириҳо кушта мешавад.

И.Қушмуратов аз марги писараш огоҳ шуда, набераи худ Акбар ва ҳамдиёраш Орифҷонро розӣ мекунонад, ки бо ӯ ба Сурия рафта, ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ ҳамроҳ шаванд.

Моҳи октябри соли гузашта шахсони зикршуда тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Истамбул ба Туркия раҳсипор гардида, санаи 10 октябри соли 2015 зимни кӯшиши убури ғайриқонунии марз бо Сурия аз ҷониби кормандони хадамоти махсуси Туркия боздошт мешаванд. Баъдан Туркия боздоштшудагонро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.