Парлумони Қирғизистон созишномаи маблағгузорӣ ба CASA-1000-ро маъқул шуморид



Парлумони Қирғизистон дар қироати сеюм созишнома оид ба маблағгузорӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро маъқул шуморид.

Бино ба

маълумоти

хабаргузории КирТАГ, тибқи шартҳои созишнома, ба Қирғизистон барои амалисозии лоиҳа Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд – 45 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад, ки 38,25 млн. доллари он қарз ба муҳлати 40 сол бо меъёри фоизи 0,7% аст.

Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 70 млн. евро бо ҳиссаҳои 10 млн. евро ҷудо карда, меъёри фоиз зимни ҷудо гардидани ҳар як ҳисса муайян карда мешавад ва муҳлати ниҳоии баргардонидани қарз 29 солро ташкил медиҳад.

Бонки исломии рушд бо меъёри фоизи 1,5% барои 25 сол 50 млн. доллари ИМа ҷудо мекунад. ҶСК «Шабакаи миллии барқии Қирғизистон» қарзро дар муддати 15 сол аз ҳисоби маблағҳои содироти барқ дар доираи лоиҳа пардохт мекунад.

Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ пешбинӣ шудааст, ки низомҳои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистонро пайваст карда, дар мавсими тобистон аз ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки маросими расмии оғози амалисозии 

лоиҳаи минтақавии CASA-1000

 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло, сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва сарвазири Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков

рӯзи 12 майи соли равон

дар шаҳри Турсунзода доир гардид.

spot_imgspot_img

Популярное