Парлумони Қирғизистон созишномаи маблағгузорӣ ба CASA-1000-ро маъқул шуморид

Парлумони Қирғизистон дар қироати сеюм созишнома оид ба маблағгузорӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро маъқул шуморид. Бино ба маълумоти хабаргузории КирТАГ, тибқи шартҳои созишнома, ба Қирғизистон барои амалисозии лоиҳа Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд – 45 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад, ки 38,25 млн. доллари он қарз […]

ASIA-Plus



Парлумони Қирғизистон дар қироати сеюм созишнома оид ба маблағгузорӣ аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро маъқул шуморид.

Бино ба

маълумоти

хабаргузории КирТАГ, тибқи шартҳои созишнома, ба Қирғизистон барои амалисозии лоиҳа Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд – 45 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад, ки 38,25 млн. доллари он қарз ба муҳлати 40 сол бо меъёри фоизи 0,7% аст.

Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 70 млн. евро бо ҳиссаҳои 10 млн. евро ҷудо карда, меъёри фоиз зимни ҷудо гардидани ҳар як ҳисса муайян карда мешавад ва муҳлати ниҳоии баргардонидани қарз 29 солро ташкил медиҳад.

Бонки исломии рушд бо меъёри фоизи 1,5% барои 25 сол 50 млн. доллари ИМа ҷудо мекунад. ҶСК «Шабакаи миллии барқии Қирғизистон» қарзро дар муддати 15 сол аз ҳисоби маблағҳои содироти барқ дар доираи лоиҳа пардохт мекунад.

Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ пешбинӣ шудааст, ки низомҳои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистонро пайваст карда, дар мавсими тобистон аз ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки маросими расмии оғози амалисозии 

лоиҳаи минтақавии CASA-1000

 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло, сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва сарвазири Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков

рӯзи 12 майи соли равон

дар шаҳри Турсунзода доир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.