Ҳамкориҳои кишварҳои ОМ дар самти ҳифзи муҳити зист

Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори Конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ оид ба муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ (ОМ)» ки санаи 21 июн дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) доир мегардад, иштирок мекунад. Дар конфронси мазкур роҳбарони мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони минтақа, мутахассисон аз дигар кишварҳои […]

ASIA-Plus



Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори Конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ оид ба муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ (ОМ)» ки санаи 21 июн дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) доир мегардад, иштирок мекунад.

Дар конфронси мазкур роҳбарони мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони минтақа, мутахассисон аз дигар кишварҳои ҷаҳон ва намояндагони созмону ташкилотҳои байнулмилалии машғул ба масоили ин соҳа маърӯза мекунанд.

Баррасии рушди ҳамкориҳои экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дастоварду пешравӣ ва нақшаву афзалиятҳо дар ин самт, масоили тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳо дар соҳаи об аз ҷумлаи ҳадафҳои ин чорабинӣ унвон шуда, аз рӯи натиҷаҳои кори конфронс имзои санади ниҳоии муайянкунандаи стратегияи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар ин самт дар даҳсолаи оянда дар назар аст.

Ташкили корҳои тадорукотии баргузор намудани чорабинии мазкур дар сатҳи зарурӣ ба дӯши Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ вогузор шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.