Тағйироти назаррас дар қонунгузории меҳнат

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи Кодекси меҳнати кишвар дар таҳрири навро маъқул шуморид. Лоиҳаи қонуни мазкур бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода изҳор намуд, ки дар Кодекси нави меҳнат тартиби танзими муносибатҳои меҳнатии соҳибкорони хусусӣ, […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи Кодекси меҳнати кишвар дар таҳрири навро маъқул шуморид. Лоиҳаи қонуни мазкур бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода изҳор намуд, ки дар Кодекси нави меҳнат тартиби танзими муносибатҳои меҳнатии соҳибкорони хусусӣ, ашхоси машғул ба кор дар хона, меҳнати фосилавӣ, вакилони палатаи поёнии парлумон, кормандони сохтори дипломатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратии кишвар саҳеҳ ифода ёфтанд.

Вакил Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зимни суханрониаш қайд кард, ки яке аз навгониҳои кодекси тасдиқгардида дар он аст, ки акнун агар коргар ба ҷойи корӣ дар ҳолати мастӣ ё сархушӣ аз истеъмоли маводи мухаддир ҳозир шавад, корфармо метавонад шартномаи меҳнатиро якҷониба қатъ карда, бидуни пардохти кумакпулӣ, ӯро аз кор озод намояд ва 

ҳамчунин ҳуқуқ дорад аз пардохти ҳақмузд дар ҳамон давра худдорӣ намояд.


Ғайр аз ин, мутобиқи меъёрҳои кодекси қабулшуда, шартномаҳои меҳнатӣ бо наврасон, ки бидуни розигии волидони онҳо баста мешаванд, беэътибор дониста мешаванд.

Ҳамчунин кормандони машғули фаъолият дар истеҳсолоти зараровар минбаъд аз ҳисоби корфармо бояд ҳатман бепул бо сарулибос, пойафзол, воситаҳои гигиенӣ, шир ва ғизои парҳезӣ таъмин карда шаванд.

Кодекси меҳнати қабулшуда сарфи назар аз шакли моликият, ҳамаи корфармоҳоро ба пардохти музди меҳнат на камтар аз 2 маротиба дар як моҳ уҳдадор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.