Директори генералии ширкати «Сомон Эйр» иваз шуд



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» роҳбарашро иваз кард. Директори нави генералии ширкат Томас В. Халлам II таъин гардид. Дар ин мақом ӯ Эвхенио Хайме Манзаноро, ки аз моҳи маи соли 2015 ширкатро сарварӣ менамуд, иваз кард. То таъиноти нав Томас В. Халлам II вазифаи Директор оид ба парвозҳои Сомон Эйрро ба ӯҳда дошт.

Капитан Халлам фаъолияти худро дар соҳаи авиатсия соли 1972 дар қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоии ИМА оғоз намудааст. Пас аз анҷоми омӯзиш Томас В. Халлам қиркунандаҳои фавқуссадои F-101 и F-102-и қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА-ро идора менамуд. Донишгоҳи Авиатсияи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ва Донишгоҳи Бехатарии Авиатсионии Калифорнияи ҷанубиро аъло хатм намуда, мартабаи дастурдиҳанда оид ба бехатарии парвозӣ ва роҳбар оид ба бехатарии эскадрони 101-уми қиркунандаҳои Бангори аёлати Мэнро соҳиб гашт.

Аз соли 1978 Томас В. Халлам II дар ширкати ҳавопаймоии «Delta Air Lines» ба фаъолият оғоз намуда, дар ин ширкат 28 сол адои вазифа намудааст. Давоми ин солҳо ӯ ҳавопаймоҳои B-727; MD-88; DC-8; L-1011; Boeing 757 ва Boeing 767ER идора намуда, вазифаҳои ҳавонавард-дастурдиҳандаи хатсайрҳои байналмилалӣ ва ҳавонавард – нозири хатсайрҳои байналмилалии аз фурудгоҳи ба номи Ҷ. Кеннедии шаҳри Ню-Йорк иҷрошавандаро ишғол намудааст.

Тӯли фаъолияти тахассусии худ Томас В. Халлам II беш аз 20 ҳазор соатро дар парвоз гузаронида аст. Баъди аз ширкати Delta Air Lines ба нафақа рафтан Капитан Халлам аз соли 2007 то 2011 дар ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» (Алмаато, Қазоқистон) ба ҳайси менеҷери калони шӯъбаи иҷрои парвозҳо ва менеҷери калони дастгоҳи тамринии EVPT адои вазифа намудааст. Пасон капитан Халлам дар ширкати ҳавопаймоии Delta Air Lines вазифаи нозири парвозҳо оид ба мувофиқасозӣ бо Агентии федеролии нақлиёти ҳавоиро ишғол намудааст.

Томас В. Халлам II нахустин нозири ваколатдори Раёсати авиатсияи граждании Аруба мебошад, ки шаҳрвандии Арубаро надошт ва дар ин мақом сертификатсияи ҳавопаймоҳои B-767ER–ро дар хатсайрҳои кӯтоҳу тӯлонӣ ва сертификатсияи нозирони парвозҳоро барои Раёсати авиатсияи граждании Аруба анҷом медод.

Соли 1984 капитан Халлам, ки ҳамзамон маълумоти мусиқавии бахши скрипкаро дорад, оркестри симфониро дар Атлантаи аёлати Ҷорҷия ташкил намудааст. Давоми 17 сол ӯ вазифаи Президент ва Директори генералии оркестрро ба зимма дошт. Оркестри мазкур, ки дар Атланта беҳтарин дониста шудааст, хамчунин оркестри филармонии Ҷорҷия машҳур буда, то ҳанӯз арзи вуҷуд дорад. Капитан Халлам ба Массачусетс кӯч баста, дар он ҷо низ ба ҳайси раиси шӯрои директорони оркестри симфонии Ню-Бедфорд фаъолият намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ оркестри симфонии Ню-Бедфорд дар Англияи Нав беҳтарин оркестри минтақавӣ шинохта шуд. То айни замон Халлам мушовири Шӯрои директорони оркестр маҳсуб меёбад.

Томас В. Халлам II оиладор асту соҳиби 5 фарзанд ва 5 набера аст. Ҳамсараш Ава Халлам директор оид ба рушди тиҷоратии беморхонаи калони Массачусетс аст.

spot_imgspot_img

Популярное