Интиқоди муовини сарвазир аз корҳои паст кардани сатҳи об дар кӯли сунъии «Барсем»

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 то 12 июни соли равон муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дошт. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , муовини сарвазир дар ҷараёни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмониву барқарорсозии иншооте, […]

АМИТ «Ховар»



Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 то 12 июни соли равон муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дошт.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, муовини сарвазир дар ҷараёни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмониву барқарорсозии иншооте, ки ба шарафи ҷашн сохта мешаванд, бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ, хусусан бунёду навсозии манзилҳои истиқоматии пурраю қисман зарардидаи сокинони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рўшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим шинос шуда, аз мавзеи сохтмони НБО-и хурд дар деҳаи Язгуломи ноҳияи Ванҷ дидан кард.

Зимни ин сафар аз корҳои барқарорсозии хонаҳои қисман зарардида дар тамоми ноҳияҳои вилоят, ки дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дар деҳаи Ғудара, ки мавзеи наздиктарин ба маркази заминларзаи рухдода ба шумор мерафт, то 16 июни соли равон аз 38 хонаи пурра зарардида, дар 20 хона корҳои болопӯшкунӣ идома доранд ва дар боқимонда 18 хонаи дигар сохтмони деворҳои асосӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд. Дар манзилҳои омодашуда корҳои насби болопўш,  дару тирезаҳо ва корҳои  ороишотии қисмати дохилии биноҳо идома доранд.

Дар деҳаи Пасор сохтмони НБО-и хурд бо иқтидори истеҳсолии 125 кВт дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад ва баъди мавриди истифода қарор додани он талаботи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудара бо неруи барқ пурра таъмин мегардад. Айни замон сохтмони хатти интиқоли барқ дар масофаи 5,5 км то деҳаи Ғудара давом дорад. .

Сокинони деҳоти Нисур, Рухч, Пасор, Бопасор ва Ғудара аз он изҳори миннатдорӣ намуданд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 8,1 км бо қубурҳои андозаашон 76-320 мм барои онҳо хаттҳои обгузар кашонида шуданд. Ин имкон медиҳад, ки дар мавзеъҳои бо об таъмингардида ба ғайр аз сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, обёрӣ ва аз худ кардани 87 га замини бекорхобида ва 35 га замини аз кишт берунмонда ба заминҳои гардиши кишоварзӣ дохил гарданд.

Дар ноҳияҳои Ишкошиму Шуғнон низ сохтмони манзилҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида идома дошта, тибқи нақшаи мақомот мавриди истифода қарор додани онҳо дар арафаи ҷашни 25умин солгарди истиқлолияти кишвар пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони 4 хонаи аз офати табиӣ пурра зарардидаи ноҳия Роштқалъа қарор дода шуд, ки парвандаи 0,08 га замин ҷудошаванда тибқи муқаррароти амалкунанда дар кўтоҳтарин муҳлат омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад. Дар робита ба ин муовини сарвазир аз хунукназарию беэътиноӣ нисбат ба мушкилоти сокинон аз мақомоти иҷроия эроди ҷиддӣ гирифт.

Корҳои анҷомдодаи ҶДММ «Панҷ»-ро вобаста ба паст кардани сатҳи об дар кӯли сунъии «Барсем» муовини сарвазир зери интиқоди шадид қарор дод. Ташхиси корҳои анҷомшуда собит сохт, ки дар пикетҳои назди кӯли сунъӣ дар ҷукурии 8 метр обҳои аз таги сангҳо баромада зиёд шудаанд ва пудратчӣ чуқурии тибқи лоиҳа пешниҳодшударо сари вақт канда натавониста, мутаносибан ба паст гардидани сатҳи об дар кӯли сунъӣ мусоидат накардааст.

Муовини сарвазир ба Дирексияи сохтмонии иншооти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» дастури қатъӣ дод, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида дар доираи маблағҳои пешбинишуда масъалаи паст кардани сатҳи об таъмин гардад.

Инчунин супориш дод, ки бо мақсади ҳифз намудани роҳи мошингарди мавҷуда дар мавзеи аз кул поён дар соҳили чапи дарё гузоштани сангҳои ҳимоявии калонҳаҷм ба роҳ монда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.