Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистонро вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз комилан ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумат Ҷамшед Маҳмадзода қайд кард, ки «имрӯз дар масоили нархгузорӣ дар бозори сохтмони ҷумҳурӣ тафовут ва фаҳмишҳои гуногун вуҷуд доранд».
«Имрӯз дақиқан маълум нест, ки кӣ ё кадом мақомот қоидаҳои нархгузорӣ дар бозори сохтмонро муқаррар мекунад ва бо қабули тағйирот, минбаъд ба таҳияи ва танзими қоидаҳои нархгузорӣ дар ин бозор танҳо ҳукумати кишвар машғул хоҳад шуд», – гуфт номбурда.
Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, «тағйироти қабулшуда ба изофанависӣ ва бидуни асос боло бурдани нархи амволи ғайриманқул дар бозори сохтмони кишвар хотима мебахшанд».





