Садамаи марговар дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок

Тибқи иттилои маркази матбуоти ширкати «IRS», санаи 22 июни соли равон дар километри 55-уми шоҳроҳи Душанбе –  Чанок садамаи нақлиёт рух додааст. Бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» ба автомобили боркаши тамғаи «Мерседес» бархӯрд, ки дар натиҷа 3 нафар – ронанда ва 2 мусофири автомашинаи тамғаи «Опел» ба ҳалокат расиданд. […]

Иттилоияи расмӣ



Тибқи иттилои маркази матбуоти ширкати «IRS», санаи 22 июни соли равон дар километри 55-уми шоҳроҳи Душанбе –  Чанок садамаи нақлиёт рух додааст.

Бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» ба автомобили боркаши тамғаи «Мерседес» бархӯрд, ки дар натиҷа 3 нафар – ронанда ва 2 мусофири автомашинаи тамғаи «Опел» ба ҳалокат расиданд.

Аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Тоҷикистон ба маҳалли он омада, чораҳои дахлдорро андешиданд.

«Арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ ва расму оинҳои миллӣ аз мадди назари мо дур набуду нест. Мо дар ҳама ҳолат мусибати ҳар як фарди Тоҷикистон, аз ҷумла ҳалокати ин нафаронро чун мусибати худ қабул намудаву бо пайвандон ва аҳли оилаи онҳо ғамшарикем. Дар ин росто, аз кулли ронандагон даъват ба амал меорем, ки таври бояду шояд ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд. Зеро тамоми ибтикороти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон маҳз ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон нигаронида шудааст», – гуфта мешавад дар хабари ширкат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.