Қоидаҳои нархгузорӣ дар бозори сохтмонро танҳо ҳукумат муқаррар мекунад

Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистонро вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз комилан ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумат Ҷамшед Маҳмадзода қайд кард, ки «имрӯз дар масоили нархгузорӣ дар бозори сохтмони ҷумҳурӣ тафовут ва фаҳмишҳои гуногун вуҷуд доранд». «Имрӯз дақиқан маълум нест, ки […]



Тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистонро вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз комилан ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумат Ҷамшед Маҳмадзода қайд кард, ки «имрӯз дар масоили нархгузорӣ дар бозори сохтмони ҷумҳурӣ тафовут ва фаҳмишҳои гуногун вуҷуд доранд».

«Имрӯз дақиқан маълум нест, ки кӣ ё кадом мақомот қоидаҳои нархгузорӣ дар бозори сохтмонро муқаррар мекунад ва бо қабули тағйирот, минбаъд ба таҳияи ва танзими қоидаҳои нархгузорӣ дар ин бозор танҳо ҳукумати кишвар машғул хоҳад шуд», – гуфт номбурда.

Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, «тағйироти қабулшуда ба изофанависӣ ва бидуни асос боло бурдани нархи амволи ғайриманқул дар бозори сохтмони кишвар хотима мебахшанд». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.