Тақвияти тадбирҳои амниятӣ пеш аз сафари президент ба ВМКБ

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 21 июн ба ВМКБ сафари корӣ доир намуда, аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти мазкур дидан кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз рафти хизматбарӣ, шароити корӣ ва фаъолияти кормандони милитсия […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 21 июн ба ВМКБ сафари корӣ доир намуда, аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти мазкур дидан кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз рафти хизматбарӣ, шароити корӣ ва фаъолияти кормандони милитсия шиносоӣ пайдо намуда, дар саҳни бинои Раёсат бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ, Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии РВКД ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар ВМКБ баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр гардид, ки тинҷию амонӣ ва пешрафти ҷомеа аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, ҳар як корманди милитсия бо матонату иродаи қавӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва масъулияти том бояд ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намояд.    

Ҷавобан ба ин, ҳайати шахсии РВКД ва Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар ВМКБ иброз доштанд, ки бар зидди ҷинояткорӣ, қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои ғайриқонунӣ муборизаи беамон бурда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша омодаанд.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати 19-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27 июн таҷлил мегардад, рӯзҳои 25-28 июн бо сафари корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздид мекунад.

Бино ба хабарҳои расида ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ба хотири таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ зимни сафари президент, ба ВМКБ нерӯҳои иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сафарбар шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.