Ду муштзани тоҷик дар даври 1/4 финалии мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ

Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар пойтахти Озарбойҷон – Боку, ки барои роҳхатҳои олимпӣ талош доранд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҳашт муштзани тоҷик ду нафар –  Анвар Юнусов (60 кг) ва Шавкатҷон Раҳимов (64 кг) – […]

ASIA-Plus



Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар пойтахти Озарбойҷон – Боку, ки барои роҳхатҳои олимпӣ талош доранд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҳашт муштзани тоҷик ду нафар –  Анвар Юнусов (60 кг) ва Шавкатҷон Раҳимов (64 кг) – муборизаро барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 идома медиҳанд.

Анвар Юнусов дар вазни то 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва) ва Алӣ Аҳмад (Покистон) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 21 июн бар Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Юнусов дар даври чорякниҳоӣ рӯзи 23 июн бо Волкан Гокек (Туркия) рақобат мекунад.  

Шавкатҷон Раҳимов, ки дар нахустин рақобати худ дар вазни то 64 кило бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд, дар даври ҳаштякниҳоӣ 21 июн Рошиелд Виллямсро аз Баҳрайн шикаст дод. Раҳимов дар даври чорякниҳоӣ 23 июн бо Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) рӯбарӯ мешавад.

Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар вазнҳои сабуку миёна, аз он ҷумла то 60 ва 64 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.

Вале Баҳодур Усмонов (56 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) – дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз мусобиқот хориҷ шуданд.

Файзен Раҳматшоев  дар даврҳои муқаддамотӣ дар вазни то 52 кило ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай бар Кирилл Сериков (Эстония) ва Абел Кебеде Туфа (Эфиопия) бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғалаба кард. Вале Раҳматшоев дар даври ҳаштякниҳоӣ 21 июн аз Винсензо Рикардӣ (Италия) шикаст хӯрд.

Бахтиёр Мирзомуҳаммад, ки дар вазни то 69 кило дар нахустин қувваозмоияш Даниел Бабикро аз Словения дар оғози раунди севум бо нокаути фаннӣ шикаст дод, дар даври баъдӣ рӯзи 20 июн аз Аббос Бороу (Олмон) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.