Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳуқуқшиноси раёсати ҳисоби хоҷагӣ-баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Тағоев Мирзоҳаётро зимни гирифтани пора дастгир намуданд.
Бино ба
иттилои
маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда аз як сокини пойтахт барои қабули қарори зарурии суд, ки ҳуқуқ ба манзилро муайян мекард, ба сифати пора 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.
Гуфта мешавад, ҳуқуқшинос ҳангоми гирифтани 1 ҳазор доллари ИМА дастгир шуда, ба гуфтаи аризадиҳанда, корманди мақомоти шаҳрдорӣ қаблан низ ҳамчун пора аз ӯ боз 8 ҳазор сомонии дигар гирифтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.





