Ҳуқуқшиноси шаҳрдории пойтахт бо пора дастгир шуд

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳуқуқшиноси раёсати ҳисоби хоҷагӣ-баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Тағоев Мирзоҳаётро зимни гирифтани пора дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда аз як сокини пойтахт барои қабули қарори зарурии суд, ки ҳуқуқ ба манзилро муайян мекард, ба сифати […]



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳуқуқшиноси раёсати ҳисоби хоҷагӣ-баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Тағоев Мирзоҳаётро зимни гирифтани пора дастгир намуданд.

Бино ба

иттилои

маркази матбуоти Агентии зиддифасод, боздоштшуда аз як сокини пойтахт барои қабули қарори зарурии суд, ки ҳуқуқ ба манзилро муайян мекард, ба сифати пора 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.

Гуфта мешавад, ҳуқуқшинос ҳангоми гирифтани 1 ҳазор доллари ИМА дастгир шуда, ба гуфтаи аризадиҳанда, корманди мақомоти шаҳрдорӣ қаблан низ ҳамчун пора аз ӯ боз 8 ҳазор сомонии дигар гирифтааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.