24 млн. $ барои беҳбуди вазъи чарогоҳҳои Кӯлоб

Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ — II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлимро, ки моҳи феврали соли равон дар пойтахти Италия – шаҳри Рим ба имзо расида буд, тасдиқ кард. […]



Палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ — II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлимро, ки моҳи феврали соли равон дар пойтахти Италия – шаҳри Рим ба имзо расида буд, тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён изҳор дошт, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур аз соли 2016 то соли 2022 баҳри беҳбуди вазъи чарогоҳҳо дар чанде аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 24 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда мешавад, ки аз ин миқдор беш аз 15 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита зикр кард, ки имрӯз баъзе чарогоҳҳои кишвар дар ихтиёри шахсони тасодуфӣ қарор доранд, ки аз тарзу усулҳои чорводорӣ фарсахҳо дуранд.

«Онҳо бо салоҳдид ва нархҳои гузоштаи худ чорворо ба чарогоҳ роҳ медиҳанд ва вақти он расидааст, ки ба ин бесарусомонӣ хотима бахшида шавад», – таъкид дошт Ш.Зуҳуров. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.