Президенти Тоҷикистон ба Тошканд раҳсипор шуд

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари […]



Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


Ҷаласаи ҷашнии

Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов доир мегардад.

Дар ҷаласа президентҳои кишварҳои узви СҲШ – сарони кишварҳои Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Мардумии Чин – Си Ҷинпин, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Русия – Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.

Кишварҳои нозири Созмонро президенти Афғонистон – Ашраф Ғанӣ, президенти Беларус – Александр Лукашенко, президенти Муғулистон – Сахиагийн Элбэдорҷ, президенти Покистон – Мамнун Ҳусейн, нахуствазири Ҳиндустон – Нарендра Моди, вазири корҳои хориҷии Эрон – Муҳаммад Зариф намояндагӣ карда, президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони давлати раисикунанда ширкат меварзад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Евгений Сисоев низ ҳузур дошта, иштироки худ дар ин нишастро як қатор роҳбарони созмонҳои байнулмилалии шарик низ тасдиқ кардаанд.

Баҳри иштирок дар чорабинии мазкур дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 нафар намояндагони кишварҳои узви СҲШ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳамчунин рӯзноманигорони васоити ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ ба шаҳри Тошканд ташриф меоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.