Вакилон ба омӯзиши масъалаи бехатарии маҳсулоти хӯроквории ватанӣ машғул шуданд



Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масоили амалисозии қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин вазири кишоварзӣ Изззатулло Сатторӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сартабиби санитарии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат варзиданд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, вобаста ба масъалаи баррасишаванда ва ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани муҳокимаи парламентӣ, гурӯҳҳои кории махсуси таъсисёфта  бо шароити корӣ ва ҳолати бехатарии маҳсулоти хӯроквории корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар шинос шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар дар масъалаи риояи меъёрҳои технологияҳои истеҳсол ва нигаҳдории маҳсулоти хӯроквории тайёр як қатор номувофиқатиҳо ошкор карда шудаанд. Миёни «қонуншиканон» ҶДММ «Комбинати панири шаҳри Душанбе» номбар шудааст, ки дар он камбудиҳои сершумор дарёфт гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное