Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» идома медиҳад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рӯз дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешкаш мешавад.
Ин дафъа қиссаи Абдуваҳҳоб Қаюмов манзур мегардад.
Абдуваҳоб Қаюмови 18-сола, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд орзуи ба академияи ҳарбӣ дохил ва афсар шуданро дошт. Ба ҳамин хотир, 5-уми майи соли 2015 ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафт. Ў ба қисми низомии 2747-и қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки дар ноҳияи Панҷ воқеъ аст, фиристонида шуд.
Баъди ду моҳ, 4-уми июл, аскари қаторӣ Исмоил Мамадёров ва сержанти хурд Шуҳрат Яқубов аз набудани сардор истифода бурда, ҳамхизматҳои худро дар сарбозхона қатор карданд ва баъдан он сарбозонеро, ки ба сафороии муваққатӣ дер омада буданд, латукўб намуданд.
Мамадёров ва Яқубов дар пушти сарбозон бо калтаки чўбин заданд. Дар натиҷаи латукўб аскари қаторӣ Абдуваҳоб Қаюмов аз ҳуш рафта, дар роҳ ба беморхона ҷон дод. Мувофиқи хулосаи судӣ-тиббӣ, сабаби марги ў ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи асбоби кунд будааст. Сутунмуҳраи гардани ҷавон шикаста буд.
Нисбати Исмоил Мамадёров ва Яқуб Шуҳратов бо моддаҳои 110, қисми 3 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 373, қисми 2 (вайронкунии қоидаҳои оинномавии муносибати байни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеият миёнашон) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Нисбати прапоршик Хисрав Одинаев бошад, барои худсарона тарк кардани ҷойи хизмат бо моддаи 392, қисми 1-и КҶ ҶТ (муносибати хунукназарона ба хизмат) парванда боз карда шуд.
Суд Шуҳрат Яқубов ва Исмоил Мамадёровро гунаҳгор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои 17 ва 16 соли адои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўр ҳукм кард. Прапоршик Хисрав Одинаев ба муҳлати ду сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ ҳукм гирифт.





