Сафири Русия: Дар бозии Истиқлол-Локомотив дӯстӣ ғалаба мекунад

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мутмаин аст, ки бозии қарибулвуқӯъ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав хеле шавқовар сурат гирифта, дар он дӯстӣ ғалаба мекунад, «зеро дар чунин вохӯриҳо бояд чунин бошад». Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон  рӯзи 26 июн  миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва […]

Сайфиддин Қараев



Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мутмаин аст, ки бозии қарибулвуқӯъ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав хеле шавқовар сурат гирифта, дар он дӯстӣ ғалаба мекунад, «зеро дар чунин вохӯриҳо бояд чунин бошад».

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон 

рӯзи 26 июн

 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав бозӣ дӯстона баргузор мегардад.

«Сарфи назар аз нокомии мунтахаби Русия дар мусобиқаи Чемпионати Аврупо-2016 таваҷҷуҳи мо ба футбол кам намешавад. Мо талош дорем, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар самти варзиш низ вусъат бахшем. Иқдоми ташкили вохӯрӣ миёни дастахои Истиқлол ва Локомотив ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, лекин дар амалисозии ин иқдом сафорати Русия дар Тоҷикистон низ саҳм гирифт», – қайд кард Игор Лякин-Фролов.

Ба андешаи сафири рус, вохӯрии қарибулвуқӯъ дар муносибатҳо миёни Русия ва Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, ба таҳкими ҳусни тафоҳум миёни мардуми ҳарду кишвар мусоидат мекунад.

Сафир аз эҳтимол дур намедонад, ки дигар дастаҳои футболи Русия низ ба Локомотив пайравӣ мекунанд. «Дар Тоҷикистон бояд майдонҳои хуби футбол ва шароитҳои мувофиқ фароҳам оварда шаванд, то ки дастаҳои Русия барои дар ин ҷо баргузор намудани давраҳои тамрину омӯзишии худ ҳавасаманд гарданд», – изҳор дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.