Аксияи «Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо!». Қиссаи Абдуваҳҳоб Қаюмов

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» идома медиҳад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт. Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рӯз дар торнамои Эътилоф  ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешкаш мешавад. Ин дафъа қиссаи Абдуваҳҳоб Қаюмов манзур мегардад. […]

ASIA-Plus



Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» идома медиҳад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.

Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рӯз дар торнамои Эътилоф  ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешкаш мешавад.


Ин дафъа қиссаи Абдуваҳҳоб Қаюмов манзур мегардад.




Абдуваҳоб Қаюмови 18-сола, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд орзуи ба академияи ҳарбӣ дохил ва афсар шуданро дошт. Ба ҳамин хотир, 5-уми майи соли 2015 ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафт. Ў ба қисми низомии 2747-и қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ки дар ноҳияи Панҷ воқеъ аст, фиристонида шуд.

Баъди ду моҳ, 4-уми июл, аскари қаторӣ Исмоил Мамадёров ва сержанти хурд Шуҳрат Яқубов аз набудани сардор истифода бурда, ҳамхизматҳои худро дар сарбозхона қатор карданд ва баъдан он сарбозонеро, ки ба сафороии муваққатӣ дер омада буданд, латукўб намуданд.

Мамадёров ва Яқубов дар пушти сарбозон бо калтаки чўбин заданд. Дар натиҷаи латукўб аскари қаторӣ Абдуваҳоб Қаюмов аз ҳуш рафта, дар роҳ ба беморхона ҷон дод. Мувофиқи хулосаи судӣ-тиббӣ, сабаби марги ў ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи асбоби кунд будааст. Сутунмуҳраи гардани ҷавон шикаста буд.

Нисбати Исмоил Мамадёров ва Яқуб Шуҳратов бо моддаҳои 110, қисми 3 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 373, қисми 2 (вайронкунии қоидаҳои оинномавии муносибати байни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеият миёнашон) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Нисбати прапоршик Хисрав Одинаев бошад, барои худсарона тарк кардани ҷойи хизмат бо моддаи 392, қисми 1-и КҶ ҶТ (муносибати хунукназарона ба хизмат) парванда боз карда шуд.

Суд Шуҳрат Яқубов ва Исмоил Мамадёровро гунаҳгор дониста, онҳоро ба муҳлатҳои 17 ва 16 соли адои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўр ҳукм кард. Прапоршик Хисрав Одинаев ба муҳлати ду сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ ҳукм гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.