Боздошти судя дар ноҳияи Рӯдакӣ бо 50 ҳазор $ пора



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзодаро ба гумони даст доштан дар порагирӣ боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни тафтиши муайян карда шудааст, ки Искандар Саидов бо ваъдаи таъини ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ аз як шаҳрванд 50 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардааст.

«Кормандони фаврии Агентӣ Саидзодаро дар бинои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо далели шайъӣ – ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА дастгир карданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Порагирӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное