Хизматрасонии «Сарчашмаи об» дар Бонки Эсхата



Дар мавсими тобистон об на танҳо барои инсон, балки барои растаниву дарахтон лозим аст. Мутахассисон мегуянд, ки норасогии об дар мавсими гармо, ба нобудшавии онҳо ва кам шудани давраи маҳсулнокиии растаниҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Бо ин сабаб дарахтон номунтазам мева оварда, ба зимистон бе омодагӣ ворид мешавад ва  зуд зуд аз сармо зарар мебинанд.  

Дар давраи обёрӣ деҳқонон бештар ба таъминоти оби заминҳои худ диққат медиҳанд. Аммо агар об набошад- чӣ бояд кард?

Бонки Эсхата хизматрасонии нави аграрии “Сарчашмаи об”-ро пешниҳод мекунад. Маҳсулоти нави аграрӣ барои кофтани чоҳи амудӣ бо роҳи роторӣ ва зарбавӣ пешбинӣ шудааст.

“Сарчашмаи об” аввалин хизматрасонии қарзии гуруҳӣ маҳсуб ёфта, таҳти кафолати гуруҳӣ дода мешавад. Афзалияти қарз дар он аст, ки имконияти гирифтани маблағи қарзӣ бо якчанд транш ба мӯҳлати то 60 моҳ ва машваратҳои ройгони мутахассисони соҳаи аграрӣ пайдо мегардад.

Ҳамаи агроқарзҳои Бонки Эсхата, аз ҷумла «Сарчашмаи об» барои мусоидат дар рушд ва дастгирии соҳаи кишоварзии мамлакат, аз ҷумла заминдорони Тоҷикистон равона карда шудаанд.

Бо истифода аз технологияҳои муосир ва барномаи махсуси қарзии Бонк, ҳосили шумо боз ҳам фаровон хоҳад шуд.  “Сарчашмаи об” барои обёрии заминҳои Шумо аст.

spot_imgspot_img

Популярное