Занозании оммавии муҳоҷирон дар Петербург

Дар майдони сохтмони Кудровои шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки муҳоҷирон занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок доштаанд. Бино ба иттилои портали иттилоотии вилояти Ленинград 47news.ru , занозанӣ дар натиҷаи муноқишаи лафзии як зодаи Доғистон ва муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна рух дода, ӯ бо автомашинааш аз назди майдони […]

ASIA-Plus



Дар майдони сохтмони Кудровои шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки муҳоҷирон занозании оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок доштаанд.

Бино ба иттилои портали иттилоотии вилояти Ленинград

47news.ru

, занозанӣ дар натиҷаи муноқишаи лафзии як зодаи Доғистон ва муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна рух дода, ӯ бо автомашинааш аз назди майдони сохтмон мегузаштааст.

«Бо сабаби номаълум ӯ бо чанде аз муҳоҷирон ба муноқиша пардохта, дар натиҷа мавриди лату кӯб қарор мегирад ва сипас он ҷоро тарк карда, дубора барои дастгирӣ бо чанд тани дигар бармегардад», – омадааст дар хабар.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса дар муноқиша аз чӯбу санг ва арматура, ҳамчунин силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматический) истифода шуда, дар занозанӣ натанҳо одамон, балки се автомашинаҳои тамғаҳои «Сузуки», «Жигули» ва «Тойота» низ осеб дидаанд, ки ба эҳтимоли зиёд зодагони Доғистон тариқи онҳо ба мавзеи сохтмон омада будаанду ҳамаи онҳо чаппагардон шудаанд.

Гуфта мешавад, занозанӣ дер давом накарда, замони ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони пулис ва ОМОН, иштирокчиёни он қариб ки комилан пароканда шудаанд. Ба шуъбаи пулис хамагӣ 20 нафарро оварда, имрӯз мақомоти пулис шоҳидони ҳолро бозпурсӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.