Дар Суғд парвандаи салафиёни эҳтимолӣ баррасӣ мешавад

Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбаи ду нафар сокинони вилоят ба гумони узвият дар созмони ифротграоии динии «Салафия» оғоз гардид. Аз суди ноҳияи мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сокинони деҳаи Ғозиён К.Д. ва С.А., соли таваллудашон 1975 ва 1988 мутобиқи моддаи 307, қ. […]

ASIA-Plus



Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда нисбаи ду нафар сокинони вилоят ба гумони узвият дар созмони ифротграоии динии «Салафия» оғоз гардид.

Аз суди ноҳияи мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сокинони деҳаи Ғозиён К.Д. ва С.А., соли таваллудашон 1975 ва 1988 мутобиқи моддаи 307, қ. 2, эзоҳи 3 айбдор карда шуда, ду моҳ пеш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, 

гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.

Айни замон дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳу созмонҳои ифротгарову террористие чун «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Таблиғ», «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут Таҳрир», Гурӯҳи 24» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.